Ба номи Худованди Ҷонофарин!

 

Monday, 20 February 2017 09:32

Ба номи Худованди ҷону хирад!

Ин рӯзҳоро мо бо суръат тайи мекунем ,вақт ҳам ҳамеша шитобон дар ҳоли рафтан аст ва табиатан касе наметавонад инро рад кунад вале ҳарфи аслии мо инаст ,ки дар ин замони кӯтоҳи шитобон ,мо ба чӣ маротиба расидаем?То чӣ ҳадду андоза худ ва дунёи худро шинохтаем?Аслан мо барои чӣ ба дунё омадаем,барои ин ки кор кунему хӯрему хоб равем,дубора фардояш ҳам ҳамин корҳоямон ро такрор кунем ва ҳич коре ба дигарон надошта бошем ,ки дигарон чӣ ҳол доранд хулоса” худам ва ҷони ширини худам”гӯему ҳамин хел зиндагиро давом дода,охираш то ба куҷо мерасем?

 

Ниҳоятан дар замони кунунӣ то   70 ё 80 сол умр мекунем ё камтар аз ин ва ҳарчанде кӣ ин шумора ҳо дар назар бузургнамо бошад,аммо хело зуд мегузарад ва оқибати ҳамаи мавҷудот алвидоъ кардан бо ин дунёст.Мавҷуде мисли инсон ки аз ақл бархӯрдор аст ва ин ақл аст ,ки инсон ро аз ҳайвон ҷудо мекунад  ва инсон бо ният ва  амали неки  худ аз ҳайвон боло тар аст .

 

Асли матлаб ,ба ҳар гуна саволҳое ки мо дорем ,ва ин саваол ҳо аз даруни мо шӯр мезанад ,посухи ин савол ҳои дарунӣ ва ин ки мо ро ҳаёте ҳаст баъд аз марг? Ё ин ки моро касе офаридааст ё худ ба худ ба вуҷуд омадаем? Оё  вазифае дорем дар ин дунё ?.... Ба ҷавоби ин гуна савол ҳо духтур ё муҳандис ё дигар тахасус ҳо наметавонанд ҷавоб диҳанд вале улуми ақлӣ ба мо каме кӯмак мекунанд на инки  ҳамаи роҳро ба мо нишон диҳад ,ҳамаи роҳро ба мо касоне нишон медиҳанд ки аз  тарафи Холиқи тамоми ҳастӣ ва тамоми мавҷудоти рӯи замин ва осмон,ки ӯро мо” Худо “  садо мезанем ,таъйин шудаанд.

 

Инсон ҳо виҷдонан  Худопараст ва Худоҷӯ ҳастанд вале дар асари ғофил будан ва бе аҳаммиятӣ нисбат ба офариниш ва назми олам ё аз Худо дур мешаванд ё ӯро фаромӯш мекунанд.Фиристодагони Худо вазифаи огаҳ кардани инсонҳо ро доранд ,ки” эй инсон, ин дунё ҷойгоҳи абадии ту нест ва аз аввали пайдоишат дар ин дунё дар макони имтиҳон қарор гирифтаӣ “ ва агар аз ӯҳдаи  имтиҳонат хуб баромадӣ ва имтиҳонатро олӣ додӣ дар ҷойгоҳи олӣ қарор мегирӣ вале агар хуб надодӣ ки худ донӣ дар куҷо қарор гирифтанат ро ...ва Худованд ҳеч кас ро маҷбурӣ ба биҳишт ё ҷаҳаннам намебарад ,ин инсон ҳо худашон ҳастанд ,ки бо амал ҳои ғайри инсонии худ ,роҳи дӯзах ро ба рӯи худ боз мекунанд.

 

Таърих гувоҳӣ медиҳад ки аз аввали пайдоиши   инсон, Худованд  дар замонҳои хос паёмбароне ро барои  гувоҳӣ додани инсон ҳо фиристодааст  ки теъдоди онҳо ба 124 ҳазор расидааст , теъдодӣ аз онҳо бо шариъат ва дорои китоби муқаддас ҳастанд ки охирин шариъате ки Худо  барои башар фиристод ,ин дини мубини Ислом мебошад ,бо омаданаш шариъат ҳои қаблии худ ро комил кард.Қуръони карим ро барои паёмбари охирин дин ,ҳазрати Муҳаммад(с.а.в)нозил кард то инсон ҳо хушбахтии воқеъи ро дарк кунанд ва роҳи аслии саъодати худро бишносанд ва тибқи он амал кунанд .Агар тибқи  қонун ҳои  илоҳӣ амал кардӣ пирӯз мешавӣ вагарна ҳайрону сарсон умри худ ро сипарӣ мукунӣ ва ба ҳеҷ натиҷае намерасӣ.Шояд касе савол кунад ки аз куҷо донӣ ?Посух возеҳ аст,Касе ки моро аз нестӣ ба вуҷуд овардааст  беҳтар медонад чӣ барои мо хуб аст ё чӣ барои мо бад аст,дуруст аст  ки ақл ба мо кӯмак мекунад вале ақл ҳам маҳдуд аст .

 

Инсон ро мебоист ,дар бораи худ ва ҷаҳони ҳастӣ андеша кунад вамақсади худро дар зиндагии дунё ва охират мушахас кунад то дар зиндагиаш сарсону ҳайрон намонад ...

 

 

 

 

 

Read 188086 times Last modified on Monday, 20 February 2017 10:07
More in this category: Эмом Алӣ (а.с): »