Ба номи Худованди Ҷонофарин!

 

Saturday, 02 September 2017 11:47

Ишорае ба сабаби бемориҳо

Ишорае ба сабаби бемори ҳо

Бало ва мусибат: Маризии Анбиё ва Авсиё ва Атқиё неъмате аст барои рӯшди онон..

Гуноҳ ва мусибат: Ҳеҷ маризии нест магар ба хотири гуноҳ ,ки Худо дар Қуръон  мефармояд:Ҳар мусибате ки ба шумо мерасадба хотири корҳое аст,  ки анҷом медиҳед ва инки бештари онҳоро Худо мебахшад.

Муқаддимаи марг:То замони ҳазрати Иброҳим  инсонҳо бидуни муқаддима мемурданд,ки бо тақозои ҳазрати Иброҳим, бо бемор шудан мемиранд.Расули Худо мефармоянд:Барои ҳар дарде  давое ҳаст магар марази ки муқаддимаи марг бошад.

Исроф дар хурдан ва ошомидан

Сироят (вогир)

Шайтон : Бо баррасии ривоёт,метавон гуфт шайтон сифати аст ,ки шомили микроб ва ҷин ҳар ду мешавад.

Ҷин:Агар музоҳимат ё осебе аз тарафи инсон бубинад ,ё яке аз ихлот бар инсон ғалаба кунад,дар инсон нуфуз мекунад ва сабаби баъзе аз беморӣ ҳо мешаванд.Ривоёте,ки сифориш ба нигаҳдории паранда дар хона карда ,то аҷинаҳ ба онҳо машғул шаванд.Ё одобе ,ки барои инъиқоди нутфа гуфта шудааст  то широкате аз онҳо сурат нагирад ва беморӣ ҳои ҷунун ва хабл (s.p) ба вуҷуд наояд.

Чашми захм ,ҳасад ва сеҳр:Агар қабр ҳо шикофта шаванд  мебинед,ки бисёре аз онҳо дар асари чашми захм мурдаанд ,чаро ки чашми захм ҳақмқат дорад.сеҳр шудан низ сабаби бемориҳост,барои дармони он дуъо ҳое ворид шудаст.

Ген ё гена:Ерақи,ки дар ривоёт  омадааст ба маънои асли ҳар чизи  аст ки шомили  рагҳое аст, ки асли инсонро ташкил медиҳанд ва имрӯза ба он ген мегӯянд ,ки насл ба насл мунтақил мешавад .Бо таваҷҷӯҳ ба ривоёт дар асари баъзе рафтор ҳо ё хӯрдани чизи таҳрик мешаванд ва сабаби беморӣ мешаванд.

Ихтилои табоеъи чаҳоргона : Ҳар шахсе бояд вазъияти мизоҷии  худро муроъот кунад  қабл аз инки яке аз ихлоти чаҳоргона бар ӯ ғалаба кунад ва ӯро ҳалок кунад.

Тағийри обу ҳаво: Ҳаво низ  дорои яке аз табъҳои чаҳоргона аст,ки агар бо табъи бадан мувофиқ набошад сабаби беморӣ хоҳад шуд ба унвони мисол дар ҳадисе сифориш шуда ,ки агар аз ҳамом берун омадед сари худро бипӯшонед.

 

 

 

 

 

Read 314 times Last modified on Saturday, 02 September 2017 11:59