Ба номи Худованди Ҷонофарин!

 

Saturday, 02 September 2017 11:34

Аҳаммияти тибб

Илми тиб

Аҳаммияти илми тибб  дар Ислом

Паёмбари Худо (с.а.в) : Илм бар ду навъ аст : Илм динҳо ва илми баданҳо .

Паёмбари Худо (с.а.в) : Улум бар чаҳор навъ аст : Фиқҳ (диншносӣ )барои динҳо , тибб

Барои баданҳо , наҳв барои забон ва нуҷум барои шинохти замонҳо .

Бидон, ки ҳеҷ илме мисли ёфтани (илми) саломат набуда ва ҳеҷ саломате мисли саломати

қалб нест.

Имоми Содиқ(а.с ) : Мардуми ҳеҷ шаҳре аз гурӯҳ , бе ниёз нестанд , ки дар умури дунё

ва охирати худ ба онҳо паноҳ бибаранд ва агар ононро надошта бошад бадбахт мешаванд:

Фақиҳи доно ва парҳезкор, амири накӯкор ва фармонраво ва табиби олим ва мавриди эътимод.

Таҷаллии илми тиб дар як оят .

Имом Алӣ (а.с) дар ҷавоб ба ин савол , ки чаро дар Қуръон ҳар илми ҷуз илми тиб аст.

Фрмуданд : Дар Қурон ояе аст , ки тамоми тибро дар як ҷо дар худ ҷамъ намуда аст :

Бихӯред ва биошомед ва исроф накунед .

  

 Умр

Таъсири камхӯрӣ дар афзоиши умр

Луқмон(а.с): Агар таъоми инсон кам бошад , умраш тӯлонӣ мешавад .

 

Тавсия ба дуъо кардан барои афзоиши умри бемор

Паёмбари Худо ( с.а.в) : Замоне , ки ба аёдати бемор рафтед , барояш орзуи умри

дароз намоед , зеро ин дуъо чизи аз аҷалашро дафъ намекунад , вале боиси

хӯшҳолӣ ӯ мегардад .

Read 302 times Last modified on Saturday, 02 September 2017 11:47