Ба номи Худованди Ҷонофарин!

 

Saturday, 02 September 2017 11:59

Тарбияти фарзанд

Тарбияти фарзанд аз нигоҳи Ислом

                     Муқаддима

Фарзанди инсон натиҷаи омол ва орзӯҳои ӯ мебошад, зеро ки ӯ самараи ҳаёти вай маҳсуб мешавад ки ба унвони ҷонишин дар рӯи замин боқи мемонад. Шоиста аст ки ин намояндаи воқеии инсон ба хусусияти вижае ороста гардад ва наметавон ба ин ҳадаф ноил гашт,магар ин ки фарзанд ро ба одоби неку тарбият намуд. Паёмбари худо (с) мефармоянд: “Фарзандони худро гиромӣ бидоред  ва ононро хуб тарбият кунед то омурзида шавед”.

   Ёдгирии мазҳабӣ аз шойеътарин илқооти муҳити парвариши кӯдак мебошад. Ба лиҳози ин ки кӯдаке ки дар як хонаводаи мусалмон ба дунё омада бошад, бар асари тарбияти волидони он хонавода, мусалмон тарбият мешавад ва кӯдаке ки дар як хонаводаи масеҳӣ ба дунё омада бошад, бар асари тарбияти он хонавода масеҳӣ хоҳад гардид ва ҳаминтавр яҳуди ва ғайра...

     Метавон чунин натиҷа гирифт ки пазириши дини кӯдак аз тарафи волидон наметавонад як дини воқеӣ бошад, зеро волидон ӯ ро бар асоси таасубе ки доранд, ба фарзандони худ илқо намудаанд. Чунон  ки Расули акрам (с) мефармоянд: Ҳар кӯдаке бо фитрати тавҳиди тавалуд мешавад, лекин ин падару модари кӯдак ҳастанд ки ӯ ро яҳуди ё масеҳӣ тарбият мекунанд.

    Тарбияти хуби фарзандон метавонад беҳтарин ҳадя  аз тарафи волидон ба фарзандон маҳсуб шавад. Имом  Содиқ (а) мефармоянд:”Беҳтарин меъроси падарон барои фарзанд адаб аст на молу сарват; зеро сарват аз байн  меравад ва адаб пойдор мемонад”. Кӯдаке ки дар хонаводаи бо имон ва рушанзамир тарбият шуда бошад дорои арзиши волое аст; чунки зиндагии инсон бар пояи тарбияти саҳеҳ устувор аст ва агар кудаке неку тарбият шавад бидуни шак метавон фарди шоиста барои ҷомеа воқеъ гардад. Тарбияти хуби фарзанд бидуни тардид дорои аҷри ухрави низ барои волидайн мебошад; зеро асари фарзанди солеҳ пас аз марги волидон ба онҳо мерасад ва худованди мутаол онҳоро ба хотири тарбияти фарзанди солеҳ мавриди такрим қарор медиҳад. Паёмбари акрам (с) фармуд:Ҳар кас духтар дошта бошад ва ӯ ро хуб тарбият кунад ва ба у дониш биёмузад ва аз неъматҳое ки худованд ба ӯ ато фармуда баҳрамандаш созадо он духтар монеъ ва сипари падар дар баробари оташи дузах хоҳад буд.

       Муносибтарин ва маъруфтарин табақабандии мароҳили тарбияти кудак. Тавасути Имом Содиқ (а) ироа гардидааст. Он бузургвор тамоми масоили рушди ҷисми, равони, отифи ва шахсияти ро мавриди таваҷуҳ қарор доданд. Имом Содиқ (а) мефармоянд:”Кудаки худро раҳо кун то ҳафт сол бози кунад, сипас ӯ ро ба мудати ҳафт сол тарбият кун ва ба мудати ҳафт соли дигар мушовир ва мулозими худ қарор деҳ. Агар дар ин амр мувафақ шуди чи беҳтар ва дар ғайри ин сурат ҳеҷ хайру самаре дар ӯ нахоҳад буд.Дар ин ривоят имом Содиқ (а) мароҳили тарбияти кудакро то расидан ба марҳилаи ҷавони ба се марҳилаи ҳафтсола табақабанди кардааст. Ҳаркадом аз ин мароҳил дорои вижагии хос мебошанд ки бар асоси раҳнамудҳое аз сӯйи он бузургвор тавсия гардидаас. Бо огоҳи аз ин раҳнамудҳои арзишманд метавон интизор дошт  ки волидон ва мурабиён битавонанд ончунон ки шоиста аст, фарзандоне тарбият кунанд ки фарди лоиқ барои худ ва ҷомеа ва хонаводаи худ бошанд.

 

 

                                                                         

                                                            Еҳтиром ба фарзанд

    Паёмбари худо (а) фармудаан: ”Фарзанди шоиста дастагуле аз ҷониби худованд аст ки миёни бандагонаш тақсим мекунад.  Барои расидан ба чунин муҳиббати азим, шоиста аст ки волидон бо огоҳии тамом бо тарбияти саҳеҳи кудакон, роҳ ро барои расидан ба чунин марҳила бигушоянд. Муҳимтарин вазифаи волидон нисбат ба фарзандонашон он аст ки бо еҳтиром гузоштан ба у шахсияти фарди ва иҷтимоии ӯ ро ҳифз кунанд ва ӯ ро дар байни ҳамсолон ва ҳамбозиҳояш таҳқир накунанд.

       Дар таолими дини омадааст ки дар як маврид иҷозаи риё дорем, он ҳам ҳангоми омӯзиши ахлоқ ба фарзандонамон аст, яъне онҷо аъмоли дини дар маърази диди кудак бошад то ӯ низ ба он самту сӯ ташвиқ шавад. Монанди хондани намоз дар канори фарзандва ё кумак ба ниёзмандон тавасути кудак. Аз ҳаминру ба дигарон ҳам тавсия шудааст ки дар тули зиндаги дигаронро бо рафтори худ ба дин даъват кунанд. Имом Содиқ (а) фармудааст: ”Мардумро бо равиши ғайри забонашон ба сӯи худо бихонед.

     Агар фарзанди мо бар хилофи омӯзишҳои дини рафтор мекунад бояд илат ро дар худамон ҷустуҷӯ кунем ва бубинем куҷо иштибоҳ кардаем  агар волидон муътақид набошанд ки намоз калиди растагори ва хушбахти одами аст, дар натиҷа барои омӯзиши намоз ба фарзандон низ вақт намегузоранд. Кӯдак бояд дин ро ки дар равоншиноси, як асли муҳими тарбияти ба шумор меояд. Ҳангоми намоз падару модар ҳарду бояд ба намоз биистанд. Агар модар ба намоз биистад, вале падар машғули кори дигаре бошад кудак бо худ мегӯяд: гӯё намоз хеле муҳим нест: чун падар нахонду ҳечиз ҳам нашуд. Ҳато модар дар аёми узри шаръи метавонад бар сари ҷойнамоз бинишинад ва машғули зикру дуо бошад ва ё фарзанд ба масҷид ва... бурда шавад.

       Нақл мекунанд ки фарде ба хонаи яке аз ошноёнаш меравад ва аз фарзандаш суроғаш ро мегирад. Ӯ дар ҷавоб мегӯяд: падарам кор дорад.  он фард мепурсад  машғули намозхони аст? кудак посух медиҳад: не, падарам аслан намоз намехонад. Чанд лаҳза баъд падараш меояд он шахс бо тааҷуб мегуяд: писарат фикр мекунад ту намоз намехони: Ӯ бо ханда мегӯяд: дуруст аст, чун намозхондани маро надидааст. Субҳи зуд ки ҳама хоб ҳастанд, ман ба масҷид меравам ва намоз мехонам, зуҳр ҳам сари кор ҳастам ва ҳамрнҷо намоз мехонам. Ғуруб ҳам барои намоз ба масҷид меравам. Аз ин достон метавон дарёфт ки агар фарзандон намозхондани бузургтарҳоро набинанд ба намоз ташвиқ намешаванд. Дар чунин маврид гоҳе лозим аст ки волидон намозашонро дар хона бихонанд ва ё фарзандашонро бо худ ба масҷид бибаранд. Дар воқеъ ончи ки ба кучактарҳо дарс мешавад рафтори бузургтарҳо аст на гуфтори онҳо.

    Ба рости оё то ба ҳол аз худ пурсидаем ки то чи андоза ба арзишҳои исломи ва еътиқодот бовар дорем ки бихоҳем онҳоро ба фарзандони худ мунтақил кунем? Бидонем агар дар ҳузури фарзанд худамон агар китоби зиндаги яъне қурон ро мутолиа накунем: кудак низ дар оянда ин корро намекунад.

 

 

                                         Чанд роҳи иртибот бо фарзандон

  .Кудак дар хонавода мавриди пазириш ва таваҷуҳ бошад ва худаш низ аз он ба хуби огоҳ бошад.

  .Ба ӯ масулият ҳои мутаносиб бо сину сол ва тавоноияш дода шавад.

  .Ба кудакон барои ҳамкори фурсат диҳед ва дар сурати анҷоми дастур аз онҳо ташакур кунед.

  .Кудак битавонад афкорашро ба роҳати бо волидони худ дар миён бигузорад ва дархостҳои худро возеҳ ва рушан баён кунад ва аз      т   табодули назари волидон баҳраманд гардад.

  .Иштибоҳот ва хатоҳои онон ро бидуни танбеҳ ва тамасхур ислоҳ кунанд.

  .Падару модар бо ташвиқ ва меҳрубони, заминаҳои еътиқоди ва мазҳаби ро дар онон парвариш диҳанд.

  .Падару модар интизорот ва тавақуоти худро аз фарзандонашон мутаносиб бо сину сол ва таҷрубаи кудак аз ӯ бихоҳанд.

  .Нисбат ба падару модар ва дигар аъзои хонавода еҳсоси таалуқ ва пайвастаги кунад ва худро бахши ҳуҳими хонавода ба ҳисоб оварад

  .Падару модар худ улгуи амалии ҳамаи он чизҳое бошанд ки ба фарзандонашон мегӯянд ва аз онон интизор доранд.

  0.Бояд ба фарзандон эҳтиром бигузоранд ва барояшон арзиш қоил шаванд ва дар сурати лозим, хатоҳои онон ро тазакур дода то дар рафъ ва ислоҳи онон кӯшиш кунанд.

.Ҳамеша ба кудакон панду андарз надиҳед фақат гӯш кунеду гӯш кунед.

.  Бо ибрози алоқа ононро аз ибтило ба ақибмондагии отифи наҷот диҳед.

.Аз бееътинои ва бетафовути нисбат ба фарзандонатон парҳез кунед; ки боиси нобуди ва харобии иртибот мешавад.

Read 325 times Last modified on Saturday, 02 September 2017 12:11