Ба номи Худованди Ҷонофарин!

 

Friday, 24 February 2017 15:22

туҳмат задан гуноҳест,ки ҳатто шайтон ҳам аз он гурезон аст.

Тӯҳмат ва роҳҳои дармони он

 

 

 

Муқаддима  

 

Яке дигар аз дард ҳои ҷомеаи башарӣ , ки дер боз бо он даст ба гиребон буда ва аз он осеб ҳои фаровон дида аст, бемории нобуд кунандаи “ тӯҳмат “ аст.

 

    Тӯҳмат ҳамонанди дигар бемориҳои муҳими забон аз қабили “ дурӯғ ва ғайбат “, паёмадҳо ва асари шум ва бисёр мухарибе барои ҷомеаи инсонӣ  дорад,ба ин сабаб бояд дар роҳи шинохти ҳақиқат ва дармони он бисёр кӯшиш кард.

 

    Ин фасл кӯшиш мекунад  то бо пардохтани  ба ҷиҳатҳои гуногуни тӯҳмат, роҳи чорае барои дармони ин беморӣ  нишон    диҳад.  Мабоҳиси мавриди таваҷҷӯҳ дар ин фасл иборатанд аз:

 

1.     Таърифи тӯҳмат

 

2.     Қисм ҳои  тӯҳмат

 

3.     Накӯҳиши тӯҳмат аз диди шариъат

 

4.     Решаҳои дарунии тӯҳмат

 

5.     Паёмад ҳои зишти тӯҳмат

 

6.     Роҳ ҳои дармонии тӯҳмат.

 

 

 

                                                  Таърифи тӯҳмат

 

Тӯҳмат аз решаи “ваҳм “, ба маънои изҳори гумони баде аст, ки ба дили инсон роҳ ёфта аст.

 

    Ҳар рафторе аз маҷмӯъаи рафтор ҳои инсон ки дар ҷомеа падидор мешавад, ба ду гуна қобили тафсир ва бардошт аст: бардошти”  хуб ва мусбат ва бардошти “ бад ва манфӣ “. Дар тӯҳмат, инсон аз рафтор, гуфтор ё ҳолати дигари, бардошти “ бад ва манфӣ “ мекунад ки албатта ин бардошт, гоҳ ба худи рафтор боз мегардад ба ин маъно ки худи рафтори  нописанд ва ношоист талақӣ мешавад, ва гоҳ аз он рафтор, сифоти дарунӣ  ва вежаги ҳои нописанд бардошт мешавад ,бе он ки худи рафтор бад ва нописанд бошад ки дар ин сурат, рафтор  фақат ба манзалаи ойина намои он сифати дарунӣ  гирифта мешавад; яъне гоҳ “ тӯҳмат “ дар бораи зиштии зоти амал ва худи рафтор аст, ва гоҳ амал ва рафтор воситае  қарор дода мешавад то бархе аз зишти ҳои  дарунӣ  ба шахс нисбат дода шавад.

 

Фарқи бадгумонӣ  бо тӯҳмат

 

Ҳаргоҳ, касе аз рафтор, гуфтор ё ҳолати дигарон бардошти баде дошта бошад, вале ин бардошт, фақат дар дарунаш пинҳон бимонад ва ошкор нашавад, ба “ сӯи занн “  ( бадгумонӣ) мубтало шуда аст; вале агар бардошти ношоистааш ро изҳор кард, ба рафтори ӯ “ тӯҳмат “ гуфта мешавад; пас тафовути “ суи занн “ ва “ тӯҳмат “ дар ошкор кардани гумони аст, ки аз рафтори дигаре бардошт шуда аст.

 

Фарқи бӯҳтон бо тӯҳмат

 

Дар “ буҳтон “ инсон медонад касе ки ба ӯ нисбати нораво медаҳад, кори нодурусти анҷом дода аст; вале аз рӯи ғараз ва хоста ҳои нафсонӣ, ҳамонанди душманӣ, кина ва ҳасад, сифат ё рафтори ношоистае ро ба ӯ нисбат медаҳад; аммо дар тӯҳмат, инсон бардошти хеш аз рафтори дигаре ро мадди назар қарор медаҳад ва ӯ ро муттаҳам месозад; дар ҳоле ки намедонад ин рафтор аз ӯ сар зада аст; барои намуна агар инсон, шахсе ро бо силоҳи гарм дар канори мақтули мушоҳида кунад ва ба ӯ нисбати қатл бидаҳад; дар ҳоле ки медонад қотил нест, рафтораш “ бӯҳтон “ номида мешавад ва агар надонад  ӯ  қотил нест, ба рафтори ӯ “ тӯҳмат “ гуфта мешавад.

 

Сарчашмаи тӯҳмат, “ бадгумонӣ “ аст. Бад гумонӣ ба кирдор, гуфтор ё ҳолати дигарон мумкин аст сабаб  шавад шахс  чӣ дар ҳузур ва чӣ дар ғиёби ешон тӯҳмат бизанад; пас бадгумони  метавонад ба тӯҳмат биянҷомад; ба ин гуна ки дар бадгумоӣ  бардошти инсон аз амал, сухан ё ҳолати дигаре, бардошти бад дар даруни худи ӯ аст ва мумкин аст ба сабаби авомили аз даруни инсон ба берун таровиш кунад, яъне ба дигарон изҳор шавад, ки дар ин сурат ба тӯҳмат табдил мешавад.

 

Қисмҳои     тӯҳмат

 

Ошкор кардани гумони нодуруст ва изҳори он, ба ду сурат мумкин аст.

 

1.     Изҳори ҳузӯрӣ

 

 

 

Гоҳ тӯҳмат зананда, рафтор ё вежагии зиште ро дар ҳузӯри худи муттаҳам, ба ӯ нисбат медиҳад ва мадорик ва асноди ин нисбат ,ки метавонад шомили амал, сухан ё ҳолате аз ӯ бошад ро низ ироя мекунад.

 

2.     Изҳори ғиёбӣ

 

Гоҳ тӯҳмат зананда дар ҳузӯри фард чизе баён намекунад; балки дар ғиёбаш ба ӯ рафтор ё сифати нописанде ро нисбат медиҳад, ки ин амр ду ҳолат дорад:

 

1.     Тӯҳмат зананда фақат натиҷаи бардошти худро аз рафтори шахс дар ғиёбаш ба ӯ нисбат медиҳад ва аз худи рафтор, сухане ба миён намеоварад ба ин маъно ки тӯҳмат зананда намегӯяд ба далели дидани чӣ  рафтори аз муттаҳам, чунин бардошти аз ӯ  дошта аст; албатта тафовуте нест байни он, ки бардошти ӯ аз рафтори муттаҳам дар бархӯрд бо худи ӯ бошад ё дигарон; зеро дар ҳар ду сурат, изҳори бадгумонӣ  шуда ва ҳақиқати тӯҳмат падид омада аст.

 

2.     Худи он рафтор, гуфтор ё сифот ро нақл мекунад, сипас бардошти худ аз он ро ба дигарон ироя медиҳад.

 

 

 

Тӯҳмат, иброз кардани гумони бад ба дигаре аст, ки аз қабеҳ  тарин масодиқи он, ин аст ки инсон дар оғози кор, шахсе ро амин ва мӯътамиди худ кунад ва коре ро ба ӯ вогузорад; сипас ба ӯ сӯи занн ёфта, ин бад гумонӣ ро ба шахс бигӯяд.

 

Эмом Содиқ ( а ) аз қавли паёмбари акрам ( с ) ривоят карда аст:

 

Ҳақ надорӣ ба касе ки ӯро амини хеш сохтаи, тӯҳмат бизани.

 

Тӯҳмат аз разоили нафсӣ чун душманӣ, ҳасад, шаҳват ё ғазаб сарчашма мегирад ва дар оғоз, рафтори аст, ки иттифоқӣ аз инсон сар мезанад; вале такрор он сабаб мешавад ,ки ба сурати малака дар ниҳоди шахс  дарояд ва анҷоми он барояш осон шавад.

 

Касе, ки ин сифат барои ӯ малака нашуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

аст, шояд дар асари анҷоми ин рафтор, таҳти фишори масоили эътиқодӣ ва виҷдонии худ қарор гирифта, мутаасир ва огоҳ шавад; вале агар ин амал такрор шуда, ба сурати сифати пойдори нафсонӣ дар ояд, он рафтори зишт ро ба осонӣ анҷом медиҳад ва на танҳо барояш нороҳат кунанда нест; балки сурур ва шодмонӣ  ҳам ба ҳамроҳ хоҳад овард ва бо расидан ба ин гумони ботиле, ки бо тӯҳмат  рақибе  аз саҳна хориҷ шуда аст, хӯшнуд  мешавад; бино бар ин бояд аз такрори ин гуноҳон худ дорӣ кард то ба малакаи зишт ва нописанд дар рӯҳи инсон табдил нашаванд.

 

                                                          Накӯҳиши тӯҳмат аз диди шариъат

 

Тӯҳмат, ибрози бадгумонӣ назди дигарон аст ва аз онҷо ,ки гумони бад ба рафтор ё гуфтор ё сифати нописанд дохил мешавад, тӯҳмат ба шакли, боз гуфтани умури ношоистаи дигарон аст; ба ҳамин ҷиҳат он ро навъи хоссе аз қисмҳои  ғайбат ба шумор оварад. Вақте барои шахсе, суи занн ба дигаре пеш меояд, бо баёни он гумони бад, онҳам ғиёби худи муттаҳам, ба ғайбат олуда мешавад ва агар ин ғуюб ё разоил дар шахси муттаҳам вуҷуд надошта бошад, боз гуфтани он ро метавон навъе аз унвони “ бӯҳтон “ ба шумор оварад. Албатта миёни ҳар се унвон, тафовутҳои дақиқе вуҷуд дорад. Бо ин баён метавон тӯҳмат ро рафтори мураддад миёни “ ғайбат “  ва “ бӯҳтон “ дошт ,ки албатта ҳар ду ҳаром ҳастанд ва дар натиҷа, тӯҳмат низ ҳаром хоҳад буд; чаро ки ё дар шумори масодиқи ғайбат қарор мегирад ё унвони  ( бӯҳтон ) бар ӯ сидқ мекунад. Рехтани обрӯи дигарон низ шахси севум ё гурӯҳе аз мардум, бо таваҷҷӯҳ ба огоҳӣ надоштани дигарон аз ин ,ки он фард муртабити амали хоссе шуде ё хайр, ҳаром аст.

 

Радди тӯҳмат

 

Ҳамон гуна ки дар баҳси ғайбат омад, инсон на танҳо шунавандаи ғайбат бошад, балки агар ғайбат ба шакли нохоста низ ба гуши ӯ расид, бояд дар радди он кӯшиш кунад ва фақат зикри ин нукта ки “ ғайбат накунад “ кофӣ нест; зеро шояд баёни ҳамин ҷумла, таъкиди бар худи ғайбат ва нақс дар ғайбат шуда бошад; пас бояд дар радди гайбат кӯшид то ғайбат шуда аз асли ғайб дур  шавад. “ тӯҳмат “ ва “ бӯҳтон “ низ чунин аст ва он кас ро, ки мавриди тӯҳмат қарор гирифта бояд аз иттиҳом пок созад.

 

    Гӯяндаи тӯҳмат фақат бо такя бар қароини мавҷуд, натиҷагирӣ карда ва бардошти худ аз он ӣ воқеъ шуда ро ба дигаре нисбат медиҳад ва дар воқеъ бадгумонии худ ро иброз  мекунад; аз ин рӯ бояд дар садади радди он бар омад ва ёд овар шуд ,ки нисбат додани ин кор нодуруст ба дигаре – ҳатто агар ин нисбат дурустҳам бошад – шомили ҳукми ғайбат аст ва дар сурати иштибоҳ, дохили ҳукми бӯҳтон мешавад ки дар ҳар ду сурат кори ӯ ҳаром аст; пас вазифаи инсон ҳимоят аз шахси аст ки  мавриди бӯҳтон ва тӯҳмат қарор гирифта аст ва бояд обрӯи ӯ ро аз газанди тӯҳмат нигаҳ дошт.

 

Паёмбари акрам ( с ) мефармояд:

 

    Касе, ки назди ӯ мӯъмине ро хор кунанд, дар ҳоли, ки метавонад  вай ро ёрӣ  кунад  ва ин кор ро

 

    накунад Худованд ӯ ро рӯзи қиёмат дар раъси тамоми офарида ҳояш хор мекунад.

 

    Касе ки осеб ҳо ро аз обрӯи бародари  мӯъмини худ радд кунад, ҳамин барои ӯ пардае  дар баробари оташ мешавад .

 

  

 

Дар мавориди, ки инсон тавоноии ҳимоят аз обурӯи дигаре ро надорад метавонад маҷлис ро тарк кунад ва агар наметавонад чунин кори кунад, бояд дар дил аз ҳузур дар чунин маҷлис нохӯшнуд бошад. Бе тафовутии дарунӣ  низ дар баробари чунин рафтори қабеҳ, бад ва но зебо аст.

 

Таъсири тӯҳмат бар шунавандаи он аз назари ахлоқӣ

 

Дар тӯҳмат, шунаванда  ахборе ро аз тӯҳмат зананда мешунавад, ки бар ҳадси тӯҳмат зананда устувор аст ва аз дурустӣ  ё нодурустии он ба сурати қатъӣ огоҳ нест. Ҳол агар шунаванда нафаси заиф дошта бошад, чӣ  басо тӯҳмат таъсири ин тӯҳмат қарор гирад ва дидаш дар бораи муттаҳам иваз шавад, яъне ҳатто агар шунаванда ба вазифаи шаръии худ амал  ва бо гӯянда бархӯрд кунад ва тӯҳмати ӯ ро бар гардонад, ин имкон аст ки аз лиҳози ахлоқӣ ва ҳолати дарунӣ  тӯҳмат таъсири қарор гирифта, аз эътимодаш ба муттаҳам коста шавад.

 

Донишмандони улуми ахлоқӣ  барои шунавандаи тӯҳмат чаҳор  ҳолат ро дар назар гирифта анд ва барои ҳар як аз ин ҳолат, роҳи ҳал ҳои илмӣ ро баён карда анд то ба муттаҳам бадбин нашавад.

 

1.     Шунаванда медонанд изҳороти гӯянда тӯҳмат аст.

 

2.     Шунаванда намедонад изҳороти гӯянда тӯҳмат аст ё бӯҳтон, чаро ки мумкин аст ин изҳорот бардошти ӯ аз рафтори муттаҳам ё нисбати дурӯғин ба ӯ бошад.

 

3.     Шунаванда намедонад гуфтори гӯянда тӯҳмат ё ғайбат аст.

 

4.     Шунаванда намедонад гуфтори гӯянда тӯҳмат ё бӯҳтон ё ғайбат аст.

 

Дар мавриди аввал ки шахс медонад ин ахбор тӯҳмат аст, бадгумонӣ  дар маротибаи заифӣ ба шунаванда мунтақил шуда аст; яъне шахс медонад ки гӯянда аз рӯи  ҳадс ва бадгумонӣ  бар нишонаҳо ва қароини такя карда ки муҷиби бардошти нодурусти аз муттаҳам шуда аст ,ки бо таваҷҷӯҳ ба ин огоҳӣ метавонад  бад бинӣ ро аз худ  дур созад ва иттиҳом ро ноши аз дарки нодурусти тӯҳмат зананда бидонад.

 

 

 

     Дар мавриди дуввум ки гуфтори гӯянда байни тӯҳмат ва бӯҳтон машкук аст, агар тӯҳмат бошад, як тараф эҳтимол бар меҳвари ҳадс аст ва тарафи тарафи он ( бӯҳтон ) бар дурӯғин будани он нисбат дар бораи муттаҳам далолат    аз ин рӯ  шунаванда ба  осонӣ  метавонад бад гумонӣ ро аз худ дур созад.

 

     Дар мавриди севвум ки байни ҳукми тӯҳмат ё ғайбат иштибоҳе пеш ояд, чун як тараф ин ахбор бар меҳвари ҳадс аст метавон он ро рад кард ва мавриди чаҳорум ҳам идғоми аз се маврид аст, ки дар ҳар чаҳорр маврид, ин ахбор бо шиддат ва заъфи худ метавонад  бар фард таъсиргузор бошад.

 

Ҳазрати Алӣ ( а ) фармуд:

 

   Эй мардум!Касе ки бародари диниаш ро ин гуна шинохт ки ӯ дар байни маҳкам ва устувор аст ва       кирдор ва рафтораш дар масири шаръ қарор дорад, дигар набояд  дар бораи  ӯ ба ҳарфи ин ва он гӯш кунад. Ҳамоно касе ки тир меандозад, гоҳе  тираш ба хато меравад, ва он чӣ ки гуфта мешавад ва нодуруст аст, аз байн меравад ва Худованд шунаво ва гувоҳ аст. Ҳушёр бошед  ҳамоно байни ҳақ ва ботил ба ҷуз чаҳор ангушт фосила нест.

 

 

 

Аз ҳазрат пурсидан: Ин ки фосила байни ҳақу ботил чаҳор ангушт аст, яъне чӣ? Ангуштони муборакаш ро ҷамъ кард ва байни гӯш ва чашмаш гузошт ва фармуд: Ботил ин аст ,ки бигӯи шунидам  ва ҳақ ин аст, ки бигӯи дидам. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ривоят, ахборе ки бар меҳвари ҳадс ва гумон буда ва решааш шунидани ҳо ва эҳтимолот аст, аз мавориди тӯҳмат, бӯҳтон ё ғайбат ба шумор меояд. Дар ғайбат, эҳтимоли ин аст ки гӯянда, он чиро мегӯяд, дида аст; вале шунаванда фақат як эҳтимол ро мешунавад; пас набояд таҳти таъсири шунида ҳо қарор гирад,зеро ба нудрат иттифоқе  мешавад , ки шунида ҳо бар мабнои дидаҳо ва содиқона бошанд.

 

Аз имом Ҳасан ( ъ ) пурсиданд: Байни ҳақ ва ботил чиқадр аст? Ҳазрат дар посух фармуд: Чаҳор ангушт аст. Он чӣ ро бо чашмат мебини ҳақ аст ва он чӣ ро бо гӯши худ мешунави, бештараш ботил аст.

 

Шеваи пешгирӣ аз тӯҳмат

 

Бо таваҷҷӯҳ ба  таърифи, ки аз тӯҳмат ироя шуд, инсон бояд барои пешгирӣ  аз ибтилои худ ва дигарон ба ин гуноҳ, дар дараҷаи нахуст аз бадгумонӣ ба дигарон парҳез кунад, ва дар вақти шунидани тӯҳмат аз дигарон, бо  гунае аз хеш муроқибат кунад, ки таҳти таъсири бадгумонии дигарон қарор нагирад. Ҳамчунин набояд аз ӯ ҳаракате сар занад, ки решаи  ҳадс ва бадгумонии дигарон қарор гирад, яъне дар ниҳоят коре ро, ки мумкин аст решаи ҳадс ва бадгумонии дигарон қарор гирад, анҷом надиҳад.

 

    Барои ин манзур бояд аз муошират ва ҳамнишинӣ  бо одамони, ки дар ҷомеъа бо бадӣ шинохта шудаанд дурӣ ҷуст то муқаддимаи  тӯҳмат фароҳам нашавад, гоҳе  ҳузур дар ҷамъи, ки бештари афроди он зишткоранд решаи бадгумонӣ  ва тӯҳмат мешавад, ҳарчанд худи фард зишткор набошад. Ҳузур надоштан  дар чунин маконҳо ва ҷомеаи, ки барои анҷоми аҳдофи зишт барпо шуда аст, метавонад заминаи иттиҳом ро коҳиш диҳад.

 

Аз бузургвороне  нақл шуда аст, ки падари бузургвораш ба ӯ фармуд:

 

Эй писарам! Касе ки бо бадкорон ҳамнишинӣ   кунад, солим намемонад ва агар касе ба ҷойгоҳи бад гом ниҳад, муттаҳам мешавад.

 

Дар ҷои дигар аз Расули акрам ( с ) чунин ривоят мекунанд:   

 

Сазовортарин мардум ба муттаҳам шудан касе аст, ки бо афроде, ки муттаҳам ҳастанд ҳамнишинӣ кунад.

 

Ҳазрати  Алӣ ( а ) дар васоёи хеш мефармояд:

 

Аз ҷойҳои, ки мавриди тӯҳмат  қарор мегиранд  ва маҷлисе, ки ба он гумони бад бурда мешавад, парҳез кун. Ба дурусти, ки ҳамнишини бад, ҳамнишини хуб ро фиреб медиҳад.

 

Касе, ки худаш ро дар маърази тӯҳмат қарор диҳад, сарзаниш накунад касе ро, ки ба ӯ бадгумон шуда аст.

 

Касе, ки ба ҷойгоҳи бад гом ниҳад, муттаҳам мешавад.

 

Шеваи бархӯрд бо бардошт ҳо ва ахбори ҳадсӣ(шоядӣ).

 

Инсон ҳақ надорад рафтор, гуфтор ё сифати нодурусти ро, ки бар пояи ҳадс дар бародар ё хоҳари мӯъминаш дарёфта аст, ба ӯ нисбат диҳад ва бидуни он,ки аз эътибори дарёфти худ мутмаин бошад, онро нақл кунад.

 

Нисбат додани рафтори зишт, ки аз рӯи ҳадс бошад, ҳамон тӯҳматаст, чаро, ки дар тӯҳмат, бадгумонии хеш ро дар бораи дигаре изҳор мекунад ва бадгумониӣ чизи ҷуз ҳадс задан дар ҳаққи дигаре нисбат ва чи бисёр ҳадсҳои, ки бо воқеъ мутобиқат намекунад ва фақат мояи бадгумонӣ дигарон дар ҳаққи муттаҳам  мешавад.

 

Ҳис кардани рафтор ё ҳолати дигарон ба ду навъ  “ мустақим “ ва “ ғайри мустақим “ мумкин аст:

 

     1.Ҳиси ғайри мустақим: Дар ин қисм, инсон худ, рафтори муттаҳам ро надида ва сухани ӯро нашунида, балки дигаре барои ӯ нақл карда аст; яъне аз роҳи шунидан аз дигаре, ба рафтор ё гуфтори муттаҳам пай мебарад ва бо восита аз масъала огоҳ мешавад. Дар бораи ин навъ ҳис ва аҳкоми марбут ба он, ривоёти бисёри ворид шуда аст ки баён гари ботил будани матолибе аст ,ки аз тариқи гӯш ба инсон мерасад.

 

     Дар ин бора баҳс бисёр густарда аст, чаро ки воситаи ҳисси ғайри мустақим, инсон аст ва инсон ҳам мавҷуде аст, ки агар дар масири амёли нафсонӣ қарор гирад,ба хабистарин офаридагон табдил мешавад; чунон ки агар роҳи дуруст ро бипаймояд, ашрафи махлуқот ва бартар аз малоика аст. Бештари инсонҳо гирифтори разоили нафсонӣ чун кина, ҳасад, бахилӣ ва тамаъ ҳастанд, ки онҳоро ба тӯҳмат задан ба дигарон во медорад  ва боис мешавад аз содагӣ  ва сафои шунаванда сӯ истифода карда, хуб ва буғзҳои худ ба дигарон ро дар қолаби бӯҳтон ва тӯҳмат матраҳ кунанд ва чун нафси бештари афроди башар, ба одоби илоҳӣ  ороста нашуда аст, гуфторашон қобили тасдиқ ва эътимод нест ва ҳавоҳои нафсонӣ  дар бисёри аз корҳояшон таъсир доранд.

 

    Гоҳе  палидии нафс ба ҳадди шиддат меёбад,  ки шунаванда бо ин ,ки медонад ончи дар бораи бародари мӯъминаш шунида, аз воқеият бисёр дур аст, он матлаб ро нақл мекунад ва дар баъзе маворид чизе ро ,ки худаш надида ё нашунида аст ва онро аз қавли дигарон унвон карда, ба гунаи илқо мекунад ,ки гуё худаш дида ё бо гӯши худ шунида аст. Ин палидии нафс ба ҳаде мерасад, ки ӯ такзиби муттаҳам дар бораи иттиҳом ворид бар худ ро мешунавад, вале онро ношунавӣ мегирад ва ҳамчунон ба суханони хеш идома медиҳад.

 

    Пешвоёни маъсум ( ъ ) бо ҷанбаҳои даруни инсон ба хуби ошно буда ва ба ҳамин далел, бештари  нақл ҳоеро, ки дар бораи рафтор ё гуфтори дигарон сурат мегирад ботил ба шумор овардаанд, чунон ки аз ҳазрати Амир ( ъ ) нақл шуда аст:

 

    Ботил он аст, ки бигӯи шунидам ва ҳақ он аст ки бигӯи дидам.

 

Ҳол агар нақлкунанда фарди одиле бошад, таклифи инсон чист?

 

    Ҳукми куллӣ ин аст ,ки аз назари дарунӣ  набояд барои дигаре нақл шавад. Дар ин масъала, аз лиҳози дарунӣ  набояд онро қабул кард ва на рад, чаро, ки тасдиқи ҳар як аз муттаҳам ва шахси одил, лозимаи такзиби дигаре аст. Агар шахси одил ро дар дил тасдиқ куни, бояд муттаҳам ро дурӯғгӯ  бидони ва агар муттаҳам ро тасдиқ куни, лозимааш такзиби шахси одил аст.

 

    Аз назари берунӣ  бояд гуфт: Гар чӣ ноқили хабар, фарди одил ва дурусте аст, нақл кардани ӯ сабаб шуда, ки шомили ҳукми ғайбат  қарор гирад ва ҳамин амр ӯро аз дараҷаи эътибор соқит мекунад,зеро ғайбат фисқ, паси фарде  ғайбат кунанда ҳам фосиқ аст ва мутобиқи ояи шарифаи зер, донишмандони илми ахлоқ мӯътақиданд, инсон ҳақи ҳикояти чизе ро, ки фосиқ барои ӯ нақл мекунад надорад. Худованди субҳон дарҚуръони карим мефармояд:

 

Эй касоне, ки имон овардаед! Агар фосиқе барои шумо хабар овард, ҷустуҷӯ кунед   (сухани ӯро бидуни таҳқиқ напазиред. )

 

Пас ба сирфи одил будани нақлкунанда наметавон ҳукм  кард, ки нақл кардани он матлаб ҷоиз аст, чун ин фарди одил ҳам монанди дигар афроди башар, маъсум нест ва мумкин аст иштибоҳ карда бошад.                                                                                                                     

 

2. Ҳиси мустақим : Замоне, ки шахс кореро бо чашм мебинад ё гуфтореро бо гӯши худ мешунавад,  мегӯянд бо ҳиси мустақими худ он амал ё гуфтор ро дарёфт кардааст.

 

Донишманди бузург дар бораи шеваи бархӯрд бо ҳиси мустақим менависад, ҷоиз нест инсон ҳар чизиро ,ки бо чашми худ мебинад тасдиқ кунад. Бисёре аз аъмол ду чеҳра доранд ва метавон онҳоро бар навъе дурусте ҳамл кард ва ҷоиз нест инсон аз онҳо зиштӣ ва нодурустӣ ро бардошт, сипас бардошти худро барои дигарон ҳам нақл кунад; албатта дар ривоёте омадааст, ки “ ҳар он чӣ чашм бубинад, ҳақ аст “; вале манзур аз ин чашм, чашми пок ва беғараз  ва бе ҳаво аст, на чашми олуда ва мубтало ба ҳавоҳои нафсонӣ  ва чашми покҳам  то онҷо,ки роҳи дурусте ро барои амале боз мебинад, онро бар фасод ҳамл намекунад. Ҳазрати Алӣ ( ъ ) аз Паёмбари акрам ( с ) чунин нақл фармуда аст:

 

Агар коре аз бародари мӯъминат сар зад, ки зоҳираш нақс аст, аввал узре барояш биёвар ва агар узре наёфти, барояш узр битарош;

 

Пас, набояд ба зоҳири амал таваҷҷӯҳ кард, чӣ  басо зоҳири амал зишт ба назар ояд,вале далели муваҷҷаҳе барои анҷоми он вуҷуд дошта ва ҷанбаи шаръӣ ё таъдибӣ дар он нуҳӯфта бошад ва агар ҳам амал ба гунае бошад, ки ба ҳич сурат натавон онро бар сиҳат ҳамл кард, бояд худи шахс барои анҷоми он амал далеле битарошад, ки масъала назди дигарон бар сиҳат ҳамл шавад.

 

Эмом Содиқ ( ъ ) аз ҳазрати Алӣ ( ъ ) чунин  ривоят карда аст:

 

Рафтори бородарат ро бар беҳтарин ваҷҳ қарор бидеҳ то ҷои, ки итминон ба бадии он надорӣ ва дар бораи суханоне, ки аз даҳони ӯ дар омада, гумони бад накун то он ҷо, ки роҳе барои некӯ пиндоштани он вуҷуд дорад.

 

Пас ҳиси мустақим ҳам дучори хато мешавад, зеро амёли нафсонӣ  дар ҳар ҳол бар дидаҳо ва шунида ҳои инсон асар мегузорад ва бардошт ҳоро дигаргун  ва довариро аз ҷодаи ҳақ мунҳариф мекунад.

 

Буғз ва нафрат, хубӣ ҳоро зишт менамоёнад ва зишти ҳо ҳам ба ҳич рӯй қобили сифориш нестанд. Аз сӯи дигар мумкин аст вуҷуди малакоти зишти нафсонӣ дар фарди тӯҳматзананда боис шавад, ки онро ба дигарон низ таъмим диҳад. Барои намуна худи шахс олуда аст,бино бар ин пиромуни худ ро олуда мебинад ё худаш аз корҳои, ки анҷом медиҳад, ҳадафи зиштеро пай мегирад ва ин зиштӣ ро ба кори дигарон низ нисбат медиҳад. Чун, худаш ба қасди масхара кардан ҷилуи дигарон тавозӯъ мекунад, тавозӯи дигарон ба худ ро низ масхара кардан мепиндорад. Чунон, ки гуфтаанд: “ Кофир ҳама ро ба мисли худ пиндорад “.

 

Дар ин масъала душмани ҳои шахсӣ  дохил нестанд, балки бемориҳои нафсонии фард, решаи бадании ӯ мешавад ва решаи асосии ҳамаи бемори ҳои нафсонӣ  низ дӯст доштани дунё ва ғифлат аз охират ва мақоми инсонӣ аст. Фурӯ рафтан дар масоили модӣ ва фаромӯшии масоили чун  марг, қиёмат, ҳисобу китоб ва дӯзах сабаби ғифлат аз маънавиёт мешавад.

 

Дунё дӯстӣ   решаи ҳамаи хатоҳо аст... 

 

              

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Read 503 times Last modified on Saturday, 02 September 2017 11:33