Ба номи Худованди Ҷонофарин!

 

Monday, 03 September 2018 03:35

Тавҳиди зотӣ



Аз барҷастатарин сифоти Худованди мутаъол он аст ки Ӯ ягона аст ва дуввуми барои ӯ нест.Ин ҳамон аст ки дар забони мутакаллимон тавҳиди зотӣ хонда шуда ва ба маънои нафий мисл ва монанд аз Худо аст.


⏩Тавҳиди ибодӣ

Ё дар ибодат ба ин маъност ки касе ҷуз Аллоҳ сазовори парастиш нест ва Иллоҳ ва маъбуди ҷуз ӯ вуҷуд надорад."Иллоҳ" ба маънои маъбуд ва касе аст ки шоистаи ибодат ва итоат бошад.Тавҳиди улуҳият яъне танҳо як "Иллоҳ"яъне ҳамон "Аллоҳ"ро шоистаи парастиш донистан  ва нафӣ вуҷуди иллоҳи дигар.Ин матлаб ҳамон мафҳуми шуъор "Ло иллоҳа илла ллоҳ" аст.

Ин қисм дар ҳақиқат натиҷаи табии ақсоми қабл аст,зеро вақти ҳасти Аллоҳ ҳаст, ихтиёри вуҷуди мо ҳам ба дасти Ӯст,таъсири истиқлолӣ дар ҷаҳон аз Ӯст,ҳаққи фармон додан ва қонун вазъ кардан мунҳасир ба ӯст,дигар ҷои парастиш каси дигаре боқӣ намемонад.

Read 93 times Last modified on Monday, 03 September 2018 03:36